Author Topic: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)  (Read 23281 times)

0 Members and 1 Guest are viewing this topic.

Offline Iskandar

  • Posts: 32803
Акун ниго фурумам-ба карда дидем ки ҳама зувоно ҳаст, фақат тоҷикӣ зувон нест. Чӣ ин! Дигар зувоно-ба шохаш ҳаст-мӣ, чӣ бало? Канӣ моҳоям тоҷикӣ-ба гап зада нав темая сар мекунем. Марҳамат, агар кӣ гап зада тунад, пайванад! Андиша карсем, гуфтугӯ ҷудо ҷолиб мӯшӯд.

Прим. текст не на нормативном языке.
Было время, когда, чтобы забыть об ужасах мира, грамматики брались за труднейшие вопросы. Ты слышал, что в те времена однажды риторы Габунд и Теренций пятнадцать дней и пятнадцать ночей дискутировали о звательном падеже к “я” и в конце концов подрались

Offline peterlin

  • Posts: 24
  • Gender: Male
Дженоби Искандар,

Рахмати калон аз шумо ки ин тема ро шуруъ кардед. Хамонтавр ки мебинед ман годир нистам ба шивейи дуруст тоджики бенивесам ва сатхи маълумати ман дар мавриди ин забон бисёр кам мебошад. Вали хуб, чун форсийи Ирон нисбатан хуб баладам, фикр мекунам бетонам ба зуди тоджики ёд бигерам.

Мебинам ки шумо ба забони невештори неменевисед, ва вокиан аз ин лахджа леззат бурдам. Оё метонам бепурсам шумо ахли куджоед?

Ба оризуйи мувафакияти рузафзуни шумо,

Иродатманд,

Пётр Козловски

Offline Iskandar

  • Posts: 32803
Бо дурӯди фаровон, Пётри гиромӣ!
Чун шумо нағз забони форсӣ медонед, намедонам, чихел ҷавоб аз ман барои шумо ҷолибтар мешавад: ба забони тоҷикии адабие, ки ба забони форсии адабӣ бисьёр қариб мебошад, ё ба шеваи тоҷикии шимолӣ (Самарканд, Худжанд, Чӯст, Панҷиканд, Варзоб).

Гумон мекунам, ки ба аввалин оғоз мекунем. Забони адабиро шумо бисьёр тез ёд гирифта метавонед, чунки он ба забони форсӣ бисьёр монанд аст ва ин забонҳо як сарчашма доранд.
Аввал дар бораи фарқи забони тоҷикӣ гап занем.

форсӣ - тоҷикӣ
а = а
ā = о (росте, қариб савти яксон)
о, u = у
u = ӯ (вави маҳҷул)
o = ӯ (пеши ҳ ва ъ: kohne - кӯҳна)
е, i = и
i = е, э (ёи маҳҷул)
i = ӣ (дар охири вожа бо зада)
Мисли забони русӣ ya, yā, yo, yu = я, ё, ю. yi = и баъди савти садодор ва ь
Ь – аломати ҷудоӣ - ҳам русӣ барин (donyā = дуньё)

j = ҷ
h = ҳ
қ = (ҳамеша)
ғ = (ҳамеша): боғ - қошуқ
ъ = (фақат талаффуз шуда: баъд, лекин азоб ﺑﻌﺪ ﻋﺫﺍﺐ)
Было время, когда, чтобы забыть об ужасах мира, грамматики брались за труднейшие вопросы. Ты слышал, что в те времена однажды риторы Габунд и Теренций пятнадцать дней и пятнадцать ночей дискутировали о звательном падеже к “я” и в конце концов подрались

Оё метонам бепурсам шумо ахли куджоед?

Ман аҳли Маскав мебошам ва тоҷикӣ барои ман қариб модарӣ нест, аз ин рӯй ман саҳв (хатто) карда метавонам. Ба ёрдами Орьёзода ва дигар тоҷиконе умед мебандам, ки шояд дар ин тема пайдо намуд хоҳанд.
Было время, когда, чтобы забыть об ужасах мира, грамматики брались за труднейшие вопросы. Ты слышал, что в те времена однажды риторы Габунд и Теренций пятнадцать дней и пятнадцать ночей дискутировали о звательном падеже к “я” и в конце концов подрались

Ана хато кардам!  :-[
Маҷҳул-ку, албатта!  Ин вожаҳои арабӣ ҷонам-ба расид!  :'(
Было время, когда, чтобы забыть об ужасах мира, грамматики брались за труднейшие вопросы. Ты слышал, что в те времена однажды риторы Габунд и Теренций пятнадцать дней и пятнадцать ночей дискутировали о звательном падеже к “я” и в конце концов подрались

Offline peterlin

  • Posts: 24
  • Gender: Male
Искандари азизу гироми!

Бисьёр сипосгузорам аз нукоти джолибу муфиди шумо. Акнун ман сари корам ва аз гьуруфи вижайи алифбои тоджики истифода карда наметавонам. Пас ба сабки ба истилогь "къафкъоси" хогьам невешт (албатта баъдан ин чанд гьуруф ро ба гьуруфи махсуси тоджики табдил мекунам).

Ба назарам мерасад ки агар аз забони адаби шоруъ кунем бигьтар мебошад. Баъд аз он метавонем ба багьси лагьджайи шимоли бепардозим, ки он лагьджайи ширин бисьёр баройи ман джолибу къобили таваджджогь мибошад. Рости, як китобе чопи Машгьад ба унвони "Лагьджайи Бухорои" дорам ки дар он лагьджа, дуруст гьамонанди невештайи шумо "ба" пас аз исм миояд (мсл: зувоно-ба).

Хуб, кошиш мекунам то гьадди тавонои ман ба тоджики беневисам, ва аз шумо (ва дустони дигари тоджики-забон) хогьиш мекунам, порсиямро ислогьу "тоджикитар" кунед.

Агар иджоза фармоед, чанд то суол дорам:

1. Гьарфи мураккаби "ав" чихел талаффуз мешавад?

2. Оё пешванди "бе" дар фиългьойи амр ба кор меравад?

3. Маънии пасванди "-чи" ки баъд аз фиългьо меояд чист?

Як бори дигар аз шумо ташаккур мекунам.

Offline Iskandar

  • Posts: 32803
1. Гьарфи мураккаби "ав" чихел талаффуз мешавад?

ав = [aw], лекин дар баъзе ах лаҳҷаҳо [av]
raftan - berow - beravad ~ рафтан - рав - равед

2. Оё пешванди "бе" дар фиългьойи амр ба кор меравад?

Забони адабии кунунӣ бар лаҳҷаҳои шимолӣ устувор аст ва ин лаҳҷаҳо ин пешвандро ба кор намегиранд. Вале имрӯз аз таъсири шеваи ҷанубӣ ва забони форсӣ ин пешванд ҳар чӣ бештар ба кор меравад.

3. Маънии пасванди "-чи" ки баъд аз фиългьо меояд чист?

Э... ман нафаҳмидам, кадом пасванд? Мисол тед (диҳед), илтимос.

Чанд то вижаҳои диагр:

- форсӣ е = тоҷикӣ е пеши ҳ ва ъ (меҳмон, беҳтар, эълон)
- форсӣ dārad mikonad = тоҷикӣ карда истода аст (дар лаҳҷаҳо карсас/кайсас)
- форсӣ bedeh, midehad = тоҷикӣ (дар гуфтугӯ) те, метияд
Было время, когда, чтобы забыть об ужасах мира, грамматики брались за труднейшие вопросы. Ты слышал, что в те времена однажды риторы Габунд и Теренций пятнадцать дней и пятнадцать ночей дискутировали о звательном падеже к “я” и в конце концов подрались

Offline peterlin

  • Posts: 24
  • Gender: Male
2. Оё пешванди "бе" дар фиългьойи амр ба кор меравад?

Забони адабии кунунӣ бар лаҳҷаҳои шимолӣ устувор аст ва ин лаҳҷаҳо ин пешвандро ба кор намегиранд. Вале имрӯз аз таъсири шеваи ҷанубӣ ва забони форсӣ ин пешванд ҳар чӣ бештар ба кор меравад.

Оё бо фиълҳо монанди "тавонестан" "хостан" ва назоери онҳо фиъли аслийи  ҷумла ҳам бе пешванд ба кор меравад?

Ба онвони мисол, ба форсӣ мигуянд:

mixáham zabán-e tájiki yád begiram
mitavánam in matn rá dobáre boxánam, agar nafahmidid
dust dáram bá lahestánihá áshená beshavam 
(фақат фиъли "кардан"  бидуни пешванд ба кор миравад)

Муодилҳойи тоҷикӣи ин сохторҳо чӣст?

Quote
3. Маънии пасванди "-чи" ки баъд аз фиългьо меояд чист?

Э... ман нафаҳмидам, кадом пасванд? Мисол тед (диҳед), илтимос.

Дар китоби дарсӣи ман (забони тоҷикӣ ба қалами Арзуманов ва Сангинов) фақат ин мисол омада аст:

Ин китобро ба ман диҳед-чӣ
=
Дали бы вы мне эту книгу, а?

Вале ман дар ин маврид бештар донистан михостам

Я бори дигар як дунье ташаккур аз заҳамоти шумо. Воқиан лутф мекунед.

Offline Iskandar

  • Posts: 32803
Оё бо фиълҳо монанди "тавонестан" "хостан" ва назоери онҳо фиъли аслийи  ҷумла ҳам бе пешванд ба кор меравад?

Ба онвони мисол, ба форсӣ мигуянд:

mixáham zabán-e tájiki yád begiram
mitavánam in matn rá dobáre boxánam, agar nafahmidid
dust dáram bá lahestánihá áshená beshavam
(фақат фиъли "кардан"  бидуни пешванд ба кор миравад)

Муодилҳойи тоҷикӣи ин сохторҳо чӣст?

Масдар дар забони тоҷикӣ бештар аз забони форсӣ ба кор бурда мешавад. Масалан ҷумла

mixáham zabán-e tájiki yád begiram

 ба тоҷикӣ

забони тоҷикӣ ёд гирифтан мехоҳам.

Ҳаминхел:
dust dáram bá lahestánihá áshená beshavam
Бо полякҳо ошно шудан дӯст медорам (намедонам, шояд дар забони имрӯзӣ вожаи «лаҳистонӣ»-ро ё чӣ дигар ҳам ба кор мебаранд)

Ва бо феъли «тавонистан» масдари кутоҳ шуда ба кор бурда мешавад:

mitavánam in matn rá dobáre boxánam, agar nafahmidid
ин матнро ду бор хонда метавонам, агар нафаҳмидед.

Сохтори báyad imruz koram rá tamám bоkonam ба тоҷикии адабӣ ҳаминхел форсӣ барин мешавад:
Бояд имрӯз корамро тамом кунам.

Лекин дар лаҳҷаҳои шимолӣ он ба сохторе, ки аз забони ӯзбекӣ тақлид карданд, табдил мешавад:
Имрӯз корама тамом кардагем даркор (даркор = лозим = ӯзб. керак)
Было время, когда, чтобы забыть об ужасах мира, грамматики брались за труднейшие вопросы. Ты слышал, что в те времена однажды риторы Габунд и Теренций пятнадцать дней и пятнадцать ночей дискутировали о звательном падеже к “я” и в конце концов подрались

Offline peterlin

  • Posts: 24
  • Gender: Male
Як бори дигар раҳмати калон арз мекунам, ҷиноби Искандар.

Пурсиши имӯзии ман ин аст:

Оё дар забони тоҷики замирҳои севвом шахси муфрад "вай" ва "ӯ" комилан як маъни ҳастанд, ва ё ки "вай" фақат барои мардҳо ба кор бурда мешава, ва "ӯ" барои духтарҳо:
Инҷо ба ҳаминхел омадааст:

Quote
he     вай     Example: He's a painter     Мисол: Вай - рассом
she    ӯ    Example: She's an engineer    Мисол: Ӯ - муҳандис

Offline Iskandar

  • Posts: 32803
Дурӯғгӯй ҳастанд!  :) Чунки забони форсӣ ҷинс намедошт, надорад ва нахоҳад дошт.

Дар забони форсии иронӣ, ҳаминхел ки медонед, ҷонишинии (замир)  ﻭﻯ (vey) вожаи камьёбу китобие аст, яъне гапи баланд (шоирона). Лекин дар забони тоҷикӣ ҷонишини вай дар баробари ӯ васеъ ба кор оварда мешавад, ва ин гапи баланд нест. Лаҳҷаҳо шимолӣ умуман ҷонишини ӯ намедонанд, дар онҳо вай ҳатта гоҳо вожаи он-ро иваз мекунад. Масалан: Гузар вай тараф-ба! (ад. (Би)гузар ба он тараф!)
Было время, когда, чтобы забыть об ужасах мира, грамматики брались за труднейшие вопросы. Ты слышал, что в те времена однажды риторы Габунд и Теренций пятнадцать дней и пятнадцать ночей дискутировали о звательном падеже к “я” и в конце концов подрались

Offline Ilhom

  • Posts: 117
Сухбати бисьёр ачоибу шавк,овар )  Мехостам, ки давомашро бинам )

Offline Iskandar

  • Posts: 32803
Хай, ягон мавзӯъ тиед... :)
Было время, когда, чтобы забыть об ужасах мира, грамматики брались за труднейшие вопросы. Ты слышал, что в те времена однажды риторы Габунд и Теренций пятнадцать дней и пятнадцать ночей дискутировали о звательном падеже к “я” и в конце концов подрались

Offline Ilhom

  • Posts: 117
Iskandar, ман имсол ба Бухоро, Самарканд, Панчакент ва Хуч,анд сафар карда будам (ман худам аз шахри Хучанд). Барои ман lahjahoi Самарканду Бухоро шавковар буданд, ва ман мехостам, ки худ фарки онхоро аз лахчаи хучанди ва точикии адаби бубинам.
Мушохидаи ман чунин аст: забони бухороиён ба адаби (точикии классикии давраи совети) бисёр наздик аст. Чуноне, ки ман пеш аз ин хам медонистам, асосгузорони (классикони) адабиёти точик (совети), мисли Садриддин Айни, Ч,алол Икроми аз Бухоро буданд ва бинобар хамин, дар адабиёти мо калимаю иборахои бухорои бисьёр истифода бурда шудаанд. Дуюм ин, ки талаффузи лахчаи бухорои (хамчун самарканди) ба хучанди бисьёр монанд аст, хусусан агар вакте, ки хучандиён кушиш кунанд, ки камтар ба адаби наздик сухан ронанд. Сеюм, баъзе калимахо дигар хел талаффуз карда мешаванд ("мушу'д"), баъзе иборахо дигар маъни доранд (дар Бухоро: столро "тах" кардан (накрывать);  дар Хучанд: курпачаро "тах" кардан (убрать и упорядочить, например над сундуком )
Чорум, дар Бухоро тамоми мардум точики гап мезананд :) вале дар мактаб танхо забони узбекиро меомузанд.
Панчум, на дар Самарканд ва на дар Бухоро ягон дона китоби точикиро надидам. :(
Шашум, дар Самарканд, дар назди Регистон туй ба забони точики буд, дар бозори Сиёб низ кисми асоси ба забони точики гуфтугу доранд. Хам дар Бухоро ва хам дар Самарканд, агар шахси ношинос бошад ба у ба забони узбеки мурочиат мекунанд, ва агар шахси худи бошад, ба забони точики )))
 

Offline Iskandar

  • Posts: 32803
Панчум, на дар Самарканд ва на дар Бухоро ягон дона китоби точикиро надидам. :(

Умед доштед? Бекор. Ба Карим-бобо маданияти тоҷикӣ даркор нест. :( Бошад худаш узбак нест.
Было время, когда, чтобы забыть об ужасах мира, грамматики брались за труднейшие вопросы. Ты слышал, что в те времена однажды риторы Габунд и Теренций пятнадцать дней и пятнадцать ночей дискутировали о звательном падеже к “я” и в конце концов подрались

Offline Ilhom

  • Posts: 117
Iskandar, ман пеш аз ин шунида будам, лекин худам дида, бовари хосил кардам, ки рост аст..
Хукуки мардум барои омухтани забони модарии худ поймол карда шудааст.. Карим-бобо шояд аз таксим шудани давлат тарсида бошад.. Лекин кораш тамоман нодуруст аст.
Дар вакти гуфтугу бо мардуми Бухоро, мутаасифона тахмин кардам, ки онхо хамшахриёни худро донанд хам (Айни, Икроми), бо эчодиёти онхо шинос нестанд.. Баъзехо хатто намедонистанд. ки дар Бухоро хам 100 сол кабл аз ин майдони Регистон буд... (ба саволи майдони Регистон дар кучост - Регистон дар Самарканд -ку гуён чавоб доданд ))   )

Offline Iskandar

  • Posts: 32803
Ман бо якта узбаки бухоровӣ ошно шуда будам, пурсидам гӯён: тоҷикӣ медонед-ми?
ҳа, медонам, гуфт, лекин ҳақиқан дута-сета гап зада тавониста, маро бадуруст нафаҳмид. Шояд қишлоқӣ, чи бало... :) Ман забони узбакӣ ҳаминхел ки вай тоҷикӣ медонам, аз ин рӯй мо ба русӣ гузаштем.

Вале дигар якта занак аз Бухоро буд, узбак ҳам, вай нағз тоҷикӣ медонад, забони модарии дуюм барин.
Было время, когда, чтобы забыть об ужасах мира, грамматики брались за труднейшие вопросы. Ты слышал, что в те времена однажды риторы Габунд и Теренций пятнадцать дней и пятнадцать ночей дискутировали о звательном падеже к “я” и в конце концов подрались

Offline Ilhom

  • Posts: 117
агар узбак бошад, мумкин он кадар хам нагз надонад.. ё ин ки мумкин аз ягон кишлоки узбеки бошад..
Дар Бухорою шахрчахои гирду атрофи он (мисли Гиждувон) аксари ахоли ба точики гап мезаданд..

Sarosema

  • Guest
Аввало ассалому алайкум, хамзабонони мухтарам. Аз дидору гуфтори шумо хеле шод гаштам. Боварй дорам, дар ин чо хонандагону нависандагон зиёдтар хоханд шуд. На факат рахгузарон.
Чи хеле дар сухбати боло кайд шуд, лахча чизи ачоиб аст. Касе лахчаи помириро шунидааст? ) Хеле ачоиб )

Offline Баходур

  • Newbie
  • Posts: 2
  • Gender: Male
помири ин лахджа нест, ин тамоман дигар забон..

Offline Iskandar

  • Posts: 32803
Чаро? То дараи Ванҷ ба забони тоҷик гап мезананд. Дар Вахон масалан қишлоқҳои тоҷикзабон ҳам ҳастанд...
Было время, когда, чтобы забыть об ужасах мира, грамматики брались за труднейшие вопросы. Ты слышал, что в те времена однажды риторы Габунд и Теренций пятнадцать дней и пятнадцать ночей дискутировали о звательном падеже к “я” и в конце концов подрались

Offline Баходур

  • Newbie
  • Posts: 2
  • Gender: Male
лекин онхо бо забони точики харф мезананд, на балки бо забони помири. максади ман махалгарои нест, мо бояд точикон мутахид шавем! ва фахр аз он кунем, ки мо точикем - ориёнажодем!
Воистину мы самая красивая нация!!!!

Offline Iskandar

  • Posts: 32803
лекин онхо бо забони точики харф мезананд, на балки бо забони помири.

Ман фаҳмидам, чӣ гап буд. :) Танҳо лаҳҷаи помирии забони тоҷикӣ (дарвазӣ) вуҷуд дорад. ;) Ҳаминхел ки забонҳои помирӣ (ёзғуломӣ, шуғнонӣ, ишкошимӣ, вахӣ ва дигар).

мо бояд точикон мутахид шавем! ва фахр аз он кунем, ки мо точикем - ориёнажодем!
Воистину мы самая красивая нация!!!!

Аз нажод фоида чист? Барои нажод ба Худо шукур, лекин кору кӯшиш орёӣ шавад!
Хӯшрӯйтарин миллат дар дунё урдуи гастарбайтерие намешавад. Хӯшрӯигӣ ободӣст. Имрӯз замини орёҳо хап-хароб шудааст...
Было время, когда, чтобы забыть об ужасах мира, грамматики брались за труднейшие вопросы. Ты слышал, что в те времена однажды риторы Габунд и Теренций пятнадцать дней и пятнадцать ночей дискутировали о звательном падеже к “я” и в конце концов подрались

Karim

  • Guest
Бале дорост фармодид досте азиз ;up:

Offline tanultorosz

  • Posts: 73
  • Gender: Male
Рафиқон! Тавалло дорам! Оё касе матни суруди Муборакшо "Меборад борон" нависта метавонад? Оҳангаш ниҳоят зебост. Лекин шеъраш дар баъзе ҷош нофаҳмост. Зориам, ки бинависед!
проверять гармонией

 

With Quick-Reply you can write a post when viewing a topic without loading a new page. You can still use bulletin board code and smileys as you would in a normal post.

Note: this post will not display until it's been approved by a moderator.
Name: Email:
Verification:
Type the letters shown in the picture
Listen to the letters / Request another image
Type the letters shown in the picture:
√49 Напишите ответ строчными буквами:
«Сто одёжек, все без застёжек» — что это?: