Лингвофорум

Практический раздел: для изучающих языки, помощь студентам => Общаемся на разных языках => Тема начата: Iskandar от июля 22, 2008, 11:38

Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Iskandar от июля 22, 2008, 11:38
Акун ниго фурумам-ба карда дидем ки ҳама зувоно ҳаст, фақат тоҷикӣ зувон нест. Чӣ ин! Дигар зувоно-ба шохаш ҳаст-мӣ, чӣ бало? Канӣ моҳоям тоҷикӣ-ба гап зада нав темая сар мекунем. Марҳамат, агар кӣ гап зада тунад, пайванад! Андиша карсем, гуфтугӯ ҷудо ҷолиб мӯшӯд.

Прим. текст не на нормативном языке.
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: peterlin от июля 22, 2008, 15:15
Дженоби Искандар,

Рахмати калон аз шумо ки ин тема ро шуруъ кардед. Хамонтавр ки мебинед ман годир нистам ба шивейи дуруст тоджики бенивесам ва сатхи маълумати ман дар мавриди ин забон бисёр кам мебошад. Вали хуб, чун форсийи Ирон нисбатан хуб баладам, фикр мекунам бетонам ба зуди тоджики ёд бигерам.

Мебинам ки шумо ба забони невештори неменевисед, ва вокиан аз ин лахджа леззат бурдам. Оё метонам бепурсам шумо ахли куджоед?

Ба оризуйи мувафакияти рузафзуни шумо,

Иродатманд,

Пётр Козловски
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Iskandar от июля 22, 2008, 17:04
Бо дурӯди фаровон, Пётри гиромӣ!
Чун шумо нағз забони форсӣ медонед, намедонам, чихел ҷавоб аз ман барои шумо ҷолибтар мешавад: ба забони тоҷикии адабие, ки ба забони форсии адабӣ бисьёр қариб мебошад, ё ба шеваи тоҷикии шимолӣ (Самарканд, Худжанд, Чӯст, Панҷиканд, Варзоб).

Гумон мекунам, ки ба аввалин оғоз мекунем. Забони адабиро шумо бисьёр тез ёд гирифта метавонед, чунки он ба забони форсӣ бисьёр монанд аст ва ин забонҳо як сарчашма доранд.
Аввал дар бораи фарқи забони тоҷикӣ гап занем.

форсӣ - тоҷикӣ
а = а
ā = о (росте, қариб савти яксон)
о, u = у
u = ӯ (вави маҳҷул)
o = ӯ (пеши ҳ ва ъ: kohne - кӯҳна)
е, i = и
i = е, э (ёи маҳҷул)
i = ӣ (дар охири вожа бо зада)
Мисли забони русӣ ya, yā, yo, yu = я, ё, ю. yi = и баъди савти садодор ва ь
Ь – аломати ҷудоӣ - ҳам русӣ барин (donyā = дуньё)

j = ҷ
h = ҳ
қ = (ҳамеша)
ғ = (ҳамеша): боғ - қошуқ
ъ = (фақат талаффуз шуда: баъд, лекин азоб ﺑﻌﺪ ﻋﺫﺍﺐ)
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Iskandar от июля 22, 2008, 17:18
Цитата: "peterlin" от
Оё метонам бепурсам шумо ахли куджоед?

Ман аҳли Маскав мебошам ва тоҷикӣ барои ман қариб модарӣ нест, аз ин рӯй ман саҳв (хатто) карда метавонам. Ба ёрдами Орьёзода ва дигар тоҷиконе умед мебандам, ки шояд дар ин тема пайдо намуд хоҳанд.
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Iskandar от июля 22, 2008, 18:05
Ана хато кардам!  :-[
Маҷҳул-ку, албатта!  Ин вожаҳои арабӣ ҷонам-ба расид!  :'(
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: peterlin от июля 23, 2008, 10:45
Искандари азизу гироми!

Бисьёр сипосгузорам аз нукоти джолибу муфиди шумо. Акнун ман сари корам ва аз гьуруфи вижайи алифбои тоджики истифода карда наметавонам. Пас ба сабки ба истилогь "къафкъоси" хогьам невешт (албатта баъдан ин чанд гьуруф ро ба гьуруфи махсуси тоджики табдил мекунам).

Ба назарам мерасад ки агар аз забони адаби шоруъ кунем бигьтар мебошад. Баъд аз он метавонем ба багьси лагьджайи шимоли бепардозим, ки он лагьджайи ширин бисьёр баройи ман джолибу къобили таваджджогь мибошад. Рости, як китобе чопи Машгьад ба унвони "Лагьджайи Бухорои" дорам ки дар он лагьджа, дуруст гьамонанди невештайи шумо "ба" пас аз исм миояд (мсл: зувоно-ба).

Хуб, кошиш мекунам то гьадди тавонои ман ба тоджики беневисам, ва аз шумо (ва дустони дигари тоджики-забон) хогьиш мекунам, порсиямро ислогьу "тоджикитар" кунед.

Агар иджоза фармоед, чанд то суол дорам:

1. Гьарфи мураккаби "ав" чихел талаффуз мешавад?

2. Оё пешванди "бе" дар фиългьойи амр ба кор меравад?

3. Маънии пасванди "-чи" ки баъд аз фиългьо меояд чист?

Як бори дигар аз шумо ташаккур мекунам.
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Iskandar от июля 23, 2008, 18:23
Цитата: "peterlin" от
1. Гьарфи мураккаби "ав" чихел талаффуз мешавад?

ав = [aw], лекин дар баъзе ах лаҳҷаҳо [av]
raftan - berow - beravad ~ рафтан - рав - равед

Цитата: "peterlin" от
2. Оё пешванди "бе" дар фиългьойи амр ба кор меравад?

Забони адабии кунунӣ бар лаҳҷаҳои шимолӣ устувор аст ва ин лаҳҷаҳо ин пешвандро ба кор намегиранд. Вале имрӯз аз таъсири шеваи ҷанубӣ ва забони форсӣ ин пешванд ҳар чӣ бештар ба кор меравад.

Цитата: "peterlin" от
3. Маънии пасванди "-чи" ки баъд аз фиългьо меояд чист?

Э... ман нафаҳмидам, кадом пасванд? Мисол тед (диҳед), илтимос.

Чанд то вижаҳои диагр:

- форсӣ е = тоҷикӣ е пеши ҳ ва ъ (меҳмон, беҳтар, эълон)
- форсӣ dārad mikonad = тоҷикӣ карда истода аст (дар лаҳҷаҳо карсас/кайсас)
- форсӣ bedeh, midehad = тоҷикӣ (дар гуфтугӯ) те, метияд
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: peterlin от июля 24, 2008, 20:02
Цитата: Iskandar от июля 23, 2008, 18:23
Цитата: "peterlin" от
2. Оё пешванди "бе" дар фиългьойи амр ба кор меравад?

Забони адабии кунунӣ бар лаҳҷаҳои шимолӣ устувор аст ва ин лаҳҷаҳо ин пешвандро ба кор намегиранд. Вале имрӯз аз таъсири шеваи ҷанубӣ ва забони форсӣ ин пешванд ҳар чӣ бештар ба кор меравад.

Оё бо фиълҳо монанди "тавонестан" "хостан" ва назоери онҳо фиъли аслийи  ҷумла ҳам бе пешванд ба кор меравад?

Ба онвони мисол, ба форсӣ мигуянд:

mixáham zabán-e tájiki yád begiram
mitavánam in matn rá dobáre boxánam, agar nafahmidid
dust dáram bá lahestánihá áshená beshavam 
(фақат фиъли "кардан"  бидуни пешванд ба кор миравад)

Муодилҳойи тоҷикӣи ин сохторҳо чӣст?

Цитировать
Цитата: "peterlin" от
3. Маънии пасванди "-чи" ки баъд аз фиългьо меояд чист?

Э... ман нафаҳмидам, кадом пасванд? Мисол тед (диҳед), илтимос.

Дар китоби дарсӣи ман (забони тоҷикӣ ба қалами Арзуманов ва Сангинов) фақат ин мисол омада аст:

Ин китобро ба ман диҳед-чӣ
=
Дали бы вы мне эту книгу, а?

Вале ман дар ин маврид бештар донистан михостам

Я бори дигар як дунье ташаккур аз заҳамоти шумо. Воқиан лутф мекунед.
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Iskandar от июля 24, 2008, 21:07
Цитата: "peterlin" от
Оё бо фиълҳо монанди "тавонестан" "хостан" ва назоери онҳо фиъли аслийи  ҷумла ҳам бе пешванд ба кор меравад?

Ба онвони мисол, ба форсӣ мигуянд:

mixáham zabán-e tájiki yád begiram
mitavánam in matn rá dobáre boxánam, agar nafahmidid
dust dáram bá lahestánihá áshená beshavam
(фақат фиъли "кардан"  бидуни пешванд ба кор миравад)

Муодилҳойи тоҷикӣи ин сохторҳо чӣст?

Масдар дар забони тоҷикӣ бештар аз забони форсӣ ба кор бурда мешавад. Масалан ҷумла

mixáham zabán-e tájiki yád begiram

ба тоҷикӣ

забони тоҷикӣ ёд гирифтан мехоҳам.

Ҳаминхел:
dust dáram bá lahestánihá áshená beshavam
Бо полякҳо ошно шудан дӯст медорам (намедонам, шояд дар забони имрӯзӣ вожаи «лаҳистонӣ»-ро ё чӣ дигар ҳам ба кор мебаранд)

Ва бо феъли «тавонистан» масдари кутоҳ шуда ба кор бурда мешавад:

mitavánam in matn rá dobáre boxánam, agar nafahmidid
ин матнро ду бор хонда метавонам, агар нафаҳмидед.

Сохтори báyad imruz koram rá tamám bоkonam ба тоҷикии адабӣ ҳаминхел форсӣ барин мешавад:
Бояд имрӯз корамро тамом кунам.

Лекин дар лаҳҷаҳои шимолӣ он ба сохторе, ки аз забони ӯзбекӣ тақлид карданд, табдил мешавад:
Имрӯз корама тамом кардагем даркор (даркор = лозим = ӯзб. керак)
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: peterlin от сентября 3, 2008, 18:17
Як бори дигар раҳмати калон арз мекунам, ҷиноби Искандар.

Пурсиши имӯзии ман ин аст:

Оё дар забони тоҷики замирҳои севвом шахси муфрад "вай" ва "ӯ" комилан як маъни ҳастанд, ва ё ки "вай" фақат барои мардҳо ба кор бурда мешава, ва "ӯ" барои духтарҳо:
Инҷо (http://www.risol.tj/english/index.php?option=com_content&task=view&id=51&Itemid=68) ба ҳаминхел омадааст:

Цитировать
he     вай     Example: He's a painter     Мисол: Вай - рассом
she    ӯ    Example: She's an engineer    Мисол: Ӯ - муҳандис
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Iskandar от сентября 3, 2008, 19:08
Дурӯғгӯй ҳастанд!  :) Чунки забони форсӣ ҷинс намедошт, надорад ва нахоҳад дошт.

Дар забони форсии иронӣ, ҳаминхел ки медонед, ҷонишинии (замир)  ﻭﻯ (vey) вожаи камьёбу китобие аст, яъне гапи баланд (шоирона). Лекин дар забони тоҷикӣ ҷонишини вай дар баробари ӯ васеъ ба кор оварда мешавад, ва ин гапи баланд нест. Лаҳҷаҳо шимолӣ умуман ҷонишини ӯ намедонанд, дар онҳо вай ҳатта гоҳо вожаи он-ро иваз мекунад. Масалан: Гузар вай тараф-ба! (ад. (Би)гузар ба он тараф!)
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Ilhom от ноября 24, 2008, 22:36
Сухбати бисьёр ачоибу шавк,овар )  Мехостам, ки давомашро бинам )
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Iskandar от ноября 24, 2008, 22:51
Хай, ягон мавзӯъ тиед... :)
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Ilhom от ноября 25, 2008, 21:31
Iskandar, ман имсол ба Бухоро, Самарканд, Панчакент ва Хуч,анд сафар карда будам (ман худам аз шахри Хучанд). Барои ман lahjahoi Самарканду Бухоро шавковар буданд, ва ман мехостам, ки худ фарки онхоро аз лахчаи хучанди ва точикии адаби бубинам.
Мушохидаи ман чунин аст: забони бухороиён ба адаби (точикии классикии давраи совети) бисёр наздик аст. Чуноне, ки ман пеш аз ин хам медонистам, асосгузорони (классикони) адабиёти точик (совети), мисли Садриддин Айни, Ч,алол Икроми аз Бухоро буданд ва бинобар хамин, дар адабиёти мо калимаю иборахои бухорои бисьёр истифода бурда шудаанд. Дуюм ин, ки талаффузи лахчаи бухорои (хамчун самарканди) ба хучанди бисьёр монанд аст, хусусан агар вакте, ки хучандиён кушиш кунанд, ки камтар ба адаби наздик сухан ронанд. Сеюм, баъзе калимахо дигар хел талаффуз карда мешаванд ("мушу'д"), баъзе иборахо дигар маъни доранд (дар Бухоро: столро "тах" кардан (накрывать);  дар Хучанд: курпачаро "тах" кардан (убрать и упорядочить, например над сундуком )
Чорум, дар Бухоро тамоми мардум точики гап мезананд :) вале дар мактаб танхо забони узбекиро меомузанд.
Панчум, на дар Самарканд ва на дар Бухоро ягон дона китоби точикиро надидам. :(
Шашум, дар Самарканд, дар назди Регистон туй ба забони точики буд, дар бозори Сиёб низ кисми асоси ба забони точики гуфтугу доранд. Хам дар Бухоро ва хам дар Самарканд, агар шахси ношинос бошад ба у ба забони узбеки мурочиат мекунанд, ва агар шахси худи бошад, ба забони точики )))
 
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Iskandar от ноября 25, 2008, 21:56
Цитата: "Ilhom" от
Панчум, на дар Самарканд ва на дар Бухоро ягон дона китоби точикиро надидам. :(

Умед доштед? Бекор. Ба Карим-бобо маданияти тоҷикӣ даркор нест. :( Бошад худаш узбак нест.
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Ilhom от ноября 26, 2008, 09:21
Iskandar, ман пеш аз ин шунида будам, лекин худам дида, бовари хосил кардам, ки рост аст..
Хукуки мардум барои омухтани забони модарии худ поймол карда шудааст.. Карим-бобо шояд аз таксим шудани давлат тарсида бошад.. Лекин кораш тамоман нодуруст аст.
Дар вакти гуфтугу бо мардуми Бухоро, мутаасифона тахмин кардам, ки онхо хамшахриёни худро донанд хам (Айни, Икроми), бо эчодиёти онхо шинос нестанд.. Баъзехо хатто намедонистанд. ки дар Бухоро хам 100 сол кабл аз ин майдони Регистон буд... (ба саволи майдони Регистон дар кучост - Регистон дар Самарканд -ку гуён чавоб доданд ))   )
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Iskandar от ноября 26, 2008, 09:47
Ман бо якта узбаки бухоровӣ ошно шуда будам, пурсидам гӯён: тоҷикӣ медонед-ми?
ҳа, медонам, гуфт, лекин ҳақиқан дута-сета гап зада тавониста, маро бадуруст нафаҳмид. Шояд қишлоқӣ, чи бало... :) Ман забони узбакӣ ҳаминхел ки вай тоҷикӣ медонам, аз ин рӯй мо ба русӣ гузаштем.

Вале дигар якта занак аз Бухоро буд, узбак ҳам, вай нағз тоҷикӣ медонад, забони модарии дуюм барин.
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Ilhom от ноября 26, 2008, 14:57
агар узбак бошад, мумкин он кадар хам нагз надонад.. ё ин ки мумкин аз ягон кишлоки узбеки бошад..
Дар Бухорою шахрчахои гирду атрофи он (мисли Гиждувон) аксари ахоли ба точики гап мезаданд..
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Sarosema от мая 31, 2009, 11:13
Аввало ассалому алайкум, хамзабонони мухтарам. Аз дидору гуфтори шумо хеле шод гаштам. Боварй дорам, дар ин чо хонандагону нависандагон зиёдтар хоханд шуд. На факат рахгузарон.
Чи хеле дар сухбати боло кайд шуд, лахча чизи ачоиб аст. Касе лахчаи помириро шунидааст? ) Хеле ачоиб )
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Баходур от октября 4, 2009, 22:15
помири ин лахджа нест, ин тамоман дигар забон..
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Iskandar от октября 5, 2009, 23:44
Чаро? То дараи Ванҷ ба забони тоҷик гап мезананд. Дар Вахон масалан қишлоқҳои тоҷикзабон ҳам ҳастанд...
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Баходур от октября 6, 2009, 00:03
лекин онхо бо забони точики харф мезананд, на балки бо забони помири. максади ман махалгарои нест, мо бояд точикон мутахид шавем! ва фахр аз он кунем, ки мо точикем - ориёнажодем!
Воистину мы самая красивая нация!!!!
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Iskandar от октября 6, 2009, 16:51
Цитата: Баходур от октября  6, 2009, 00:03
лекин онхо бо забони точики харф мезананд, на балки бо забони помири.

Ман фаҳмидам, чӣ гап буд. :) Танҳо лаҳҷаи помирии забони тоҷикӣ (дарвазӣ) вуҷуд дорад. ;) Ҳаминхел ки забонҳои помирӣ (ёзғуломӣ, шуғнонӣ, ишкошимӣ, вахӣ ва дигар).

Цитата: Баходур от октября  6, 2009, 00:03
мо бояд точикон мутахид шавем! ва фахр аз он кунем, ки мо точикем - ориёнажодем!
Воистину мы самая красивая нация!!!!

Аз нажод фоида чист? Барои нажод ба Худо шукур, лекин кору кӯшиш орёӣ шавад!
Хӯшрӯйтарин миллат дар дунё урдуи гастарбайтерие намешавад. Хӯшрӯигӣ ободӣст. Имрӯз замини орёҳо хап-хароб шудааст...
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Karim от октября 14, 2010, 13:30
Бале дорост фармодид досте азиз ;up:
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: tanultorosz от июня 18, 2011, 07:04
Рафиқон! Тавалло дорам! Оё касе матни суруди Муборакшо "Меборад борон" нависта метавонад? Оҳангаш ниҳоят зебост. Лекин шеъраш дар баъзе ҷош нофаҳмост. Зориам, ки бинависед!
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: tanultorosz от июня 29, 2011, 19:13
Боз як оҳанги зебои Далер. Ҳамон хел чу шунидам, навиштам калимоташа:

"Ҳаргиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад,
Ҳаргиз он меҳри ту аз ҳамин  дилу ҷон наравад.
Ончунон мерҳи туам дар дилу ҷон ҷой гирифт,
Бигирад сарв Миҳр ва меҳри ту аз ҷон наравад.
Гар равад аз паи хубон дили мо, манзур аст.
Дарде дорад, чӣ кунад, к-аз паи дармон наравад."

Хатофаҳмӣ дошта бошад, илтимос, бинависед.

Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: winter cat от июля 2, 2011, 16:25
Что это за язык? :)
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Behrooz от августа 12, 2011, 15:36
Цитата: winter cat от июля  2, 2011, 16:25
Что это за язык? :)
Таджикский!!!  :smoke:
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Behrooz от августа 12, 2011, 15:40
Дуруду паём ба тамоми хамзабонон, азизони дилу дида! Аз сухбати Шумо хеле хурсанд гаштам. Бигзор хамеша сарбаланду хонаобод бимонед!
Точикам аз Точикистон,
Решапайванди Зарафшон.
Фахри ман фахри Бадахшон,
Хам Хучанду Вахшу Хатлон!!!
Точикам ман гуфта фахреееее
Точи давру точи даврон!
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Гравитино от февраля 1, 2012, 14:55
Цитата: tanultorosz от июня 29, 2011, 19:13
Боз як оҳанги зебои Далер. Ҳамон хел чу шунидам, навиштам калимоташа:

"Ҳаргиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад,
Ҳаргиз он меҳри ту аз ҳамин  дилу ҷон наравад.
Ончунон мерҳи туам дар дилу ҷон ҷой гирифт,
Бигирад сарв Миҳр ва меҳри ту аз ҷон наравад.
Гар равад аз паи хубон дили мо, манзур аст.
Дарде дорад, чӣ кунад, к-аз паи дармон наравад."

Хатофаҳмӣ дошта бошад, илтимос, бинависед.

Матни суруди Далер Назаров аз шеъри Ҳофиз буда чунин аст:

Ҳаргиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад
Ҳаргизам меҳри ту аз лавҳи дилу ҷон наравад (2 бор)
----
Ончунон меҳри ту ҳам дар дилу ҷон ҷой гирифт (2 бор)
Бигиранд сар...
О, бигиранд сар биравад, меҳри ту аз ҷон наравад
Ҳаргизам меҳри ту аз лавҳи дилу ҷон наравад (2 бор)
----
Гар равад аз паи хубон дили мо маъзур аст (2 бор)
Дарде дорад...
О, дарде дорад, чӣ кунад к-аз паи дармон наравад
Ҳаргиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад
Ҳаргизам меҳри ту аз лавҳи дилу ҷон наравад (3 бор)
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Zol от марта 26, 2013, 04:03
Цитата: Iskandar от июля 24, 2008, 21:07
Цитата: "peterlin" от
Оё бо фиълҳо монанди "тавонестан" "хостан" ва назоери онҳо фиъли аслийи  ҷумла ҳам бе пешванд ба кор меравад?

Ба онвони мисол, ба форсӣ мигуянд:

mixáham zabán-e tájiki yád begiram
mitavánam in matn rá dobáre boxánam, agar nafahmidid
dust dáram bá lahestánihá áshená beshavam
(фақат фиъли "кардан"  бидуни пешванд ба кор миравад)

Муодилҳойи тоҷикӣи ин сохторҳо чӣст?

Масдар дар забони тоҷикӣ бештар аз забони форсӣ ба кор бурда мешавад. Масалан ҷумла

mixáham zabán-e tájiki yád begiram

ба тоҷикӣ

забони тоҷикӣ ёд гирифтан мехоҳам.

Ҳаминхел:
dust dáram bá lahestánihá áshená beshavam
Бо полякҳо ошно шудан дӯст медорам (намедонам, шояд дар забони имрӯзӣ вожаи «лаҳистонӣ»-ро ё чӣ дигар ҳам ба кор мебаранд)

Ва бо феъли «тавонистан» масдари кутоҳ шуда ба кор бурда мешавад:

mitavánam in matn rá dobáre boxánam, agar nafahmidid
ин матнро ду бор хонда метавонам, агар нафаҳмидед.

Сохтори báyad imruz koram rá tamám bоkonam ба тоҷикии адабӣ ҳаминхел форсӣ барин мешавад:
Бояд имрӯз корамро тамом кунам.

Лекин дар лаҳҷаҳои шимолӣ он ба сохторе, ки аз забони ӯзбекӣ тақлид карданд, табдил мешавад:
Имрӯз корама тамом кардагем даркор (даркор = лозим = ӯзб. керак)
Iskandari giromi man tojikam, zodai Dushanbeshahr va bo guishhoi mukhtalifi Tojikiston va ba khusus bo guishhoi Samarqand va Bukhoro oshinoyam chun padar va modaram az on jo ba Tojikiston omadaand va dar fomil bo on guishho mo harf mezadem. Boz yak nuktai digarro in jo boyadam guft ki man mutakhasisi zabon nestam ammo zaboni modariamro ki zaboni porsii tojikist to qadre medonam va in zabonro giromi va zi jon dustar doram.  Hargiz namekhoham ki shumoro norohat sozam,ammo boyad guft ki dar kulli mukolamahoi shumo man ishtibohhoi ziyodero paido kardam ki na dar Samarqand va na dar Bukhoro va allbatta  na dar Dushanbe yo Khujand in guna harf namezanand. Har kase ki az in zabon khub khabar nadorad guftori shumoro metavonad ishtibohan chun zaboni tojiki qabul kunad ammo zaboni shumo pur az ishtiboh va khato. Khele az shumo khohish mekunam ki pesh az fikri khudro navishtan oidi har chize ki shumo mekhohed binavised avval onro khele khub va to okhar omuzed va ba'ad fikr mulohizoti khudro binavised.On chize ki shumo dar bolo navishtedu megued ki in tojikist maro khele norohat sokht va har tojiki digarro niz norohat khohad kard. Boz yak bori digar bo kalomi mehruboni va odob namekhoham shumoro past zanam, avvalo hamon zabonero ki shumo khudaton chun zaboni modari qabul dored bo hamon zabon fikru mulohizoti khudro binavesed ammo sad khohish mekunam ki na ba zaboni tojikii porsi. :donno: :donno: 
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: dahbed от октября 5, 2013, 12:01
Ogoi muhtaram Dahbed az avatari shumo khusham omad, fikr kunam ki in rasmi shaikh Sa'dist. Diruz doshtam ba gazali in piri Sheroz ki" Bigzor man bigiryam chun abr dar baharon"ast yak ohange durust kunam, ba'di kushishho va mashaqathoi ziyod yak ohange ba dunyo omad ki bo gitor albatta ijroyash mekunam

Салом Зол. Ягонта туйонаш нестми? Якта сароед  кани, мо инту - онту джунбонем.. Инджо шаркигуйи да, набошад мегуфтам, ки -ята бсаро бача ,тов тийем..
Хайр,  шухи мекунам, дар ин дунйои бемаъни!
Шумо охангбанди касбиед?  йо барои осоиши дилатон?))
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Zol от октября 5, 2013, 19:03
Цитата: dahbed от октября  5, 2013, 12:01
Ogoi muhtaram Dahbed az avatari shumo khusham omad, fikr kunam ki in rasmi shaikh Sa'dist. Diruz doshtam ba gazali in piri Sheroz ki" Bigzor man bigiryam chun abr dar baharon"ast yak ohange durust kunam, ba'di kushishho va mashaqathoi ziyod yak ohange ba dunyo omad ki bo gitor albatta ijroyash mekunam

Салом Зол. Ягонта туйонаш нестми? Якта сароед  кани, мо инту - онту джунбонем.. Инджо шаркигуйи да, набошад мегуфтам, ки -ята бсаро бача ,тов тийем..
Хайр,  шухи мекунам, дар ин дунйои бемаъни!
Шумо охангбанди касбиед?  йо барои осоиши дилатон?))
Na, ohangsozi kasbi nestam, ammo baroi khudamu dilamu yoroni nazdik goh gohe meshavad ki ohang yo taronae mesozam.Dar guzashta dar hamoishi musiqii Almaato- "Aziya dausy" ishtirok karda budam, bahoi khubam girifta budam az tarafi shunavandaho.
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: dahbed от ноября 1, 2013, 11:44
Ситорачаи  дилгармкунандае,  дар  джахони  торики  имрузаи тоджик.  Як даме  дилхуш бошед азизон !

http://zvnigina.blogspot.com/

Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: dahbed от января 8, 2014, 06:55
Ояндаи  Туронзамин чунин бошад, аз хамбастагии бародарони узбаку точик, чунин як фариштае руидааст! Бубинеду бишнавед дустон - http://www.toptj.com/News/2014/01/07/znamenituyu_pesnyu_dalera_nazarova_ispolnili_v_programme_segodnya_vecherom_s_andreem_malakhovym
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: heckfy от января 10, 2014, 07:44
Цитата: Iskandar от ноября 25, 2008, 21:56
Цитата: "Ilhom" от
Панчум, на дар Самарканд ва на дар Бухоро ягон дона китоби точикиро надидам. :(

Умед доштед? Бекор. Ба Карим-бобо маданияти тоҷикӣ даркор нест. :( Бошад худаш узбак нест.
Рахмон-ота маданияти узбеки даркор аст.
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Zol от февраля 22, 2014, 20:21
Искандархон шумо ба саволи ман джавоб  надодед, ман мепурсидам ки магар ин аз руи виждон аст ки як нафар саркуби як миллате шавад, магар аз аввал дидаед ки мо дар ин торнамо ин гуна миллатгарои карда бошем?
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Iskandar от февраля 22, 2014, 20:40
Шумо мусичаи безалолед, баҳонаи ҳақорат додан нест.
Ба Худо виждонашро супоред
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Zol от февраля 22, 2014, 20:54
Цитата: Iskandar от февраля 22, 2014, 20:40
Шумо мусичаи безалолед, баҳонаи ҳақорат додан нест.
Ба Худо виждонашро супоред
Хак бар джониби шумо, ман дар боло гуфтам ки бо дег манишин ки сиях шави, ин хам аз хамон сиях шудани ман аст. Ман пеши шумо шарманда, албатта бигзор Яздон худаш казоват кунад, ман ки хедж касам пеши худо.
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: джыгит от декабря 29, 2014, 22:41
Салом ба хамаи форумчиёни сайт.Ба ман матни суруди хонандаи Лайло даркор буд.Аз сайтхои интернет ёфта на тавонистам.Номи суруд,,Ч,онуме ду ч,ашмонуме,, аст.Пешаки рахмат.
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: dahbed от декабря 29, 2014, 23:13
Ба шумо низ салом. Хатман матн зарур аст, е сурудро пешкаш кунем мешавад?
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: dahbed от декабря 29, 2014, 23:25
http://iplayer.fm/q/чонуме/#
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: джыгит от декабря 30, 2014, 00:04
Рахмат барои ссылкаи суруд.Магар ба ман худи матни хамин суруд доркор буд.А сурудаш бошад хаст:) Хар руз мешунавам.Аммо матн на дорам мутаъссифона.
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: dahbed от декабря 30, 2014, 00:06
Аз хониши Шабнам-

Ҷонуме, нури ду чашмонуме,
Ваъда бидеҳ - кай меши мехмонуме?
Ҷонуме, нури ду чашмонуме,
Шеъри ду чашмони сиеҳи туро,
Қиссаи ширини нигоҳи туро,
Қади буланду рухи моҳи туро,
Дил, бе ту мегардаму мехонуме,
Ҷонуме, нури ду чашмонуме,
Ҳай гули ту таманнои дил,
Каъбаи ҳусни ту тамошои дил,
Ишқи ту ҳам давлату дунйои дил,
Аз ту ҷудо будан наметонуме,
Ҷонуме, нури ду чашмонуме,
Ваъда бидеҳ - кай меши меҳмонуме?
Ҷонуме, нури ду чашмонуме
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: джыгит от декабря 30, 2014, 00:27
Рахмати калон,бисёр кори савоб кардед!;)
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Бекзод джан от июля 15, 2016, 11:01
Саломҳои гарм ба тамоми алоқамандони омузиши забонҳо! Ман ҳануз забони адабии точ,икиро беҳтар на медонам.Агар дар имлои ҳуруф хато карда бошам бахшиш!
Название: Гуфтугӯ ба тоҷикӣ (порсии шарқ)
Отправлено: Haimareiks от апреля 28, 2019, 02:41
Китоб михонид?