Раҳмати калон, Ориёзода!
Лекин ман як чизро нафаҳмидам, ин мошинча суффиксро -и дар шакли «ی» мекунад. Ин саҳеҳ аст?
дуруд бар шумо огои Лугат,
хатти сириллики точики бар сари худ камбудихои зиёдеро доро аст. яке аз он камбудихо он аст ки хам "и"-и дароз ва хаи "и"-и кутох бо як харфи "и" навишта мешавад. барои хамин далел аст, ки баргардонандаи "Пиндор" наметавонад фаркро бубинад ва он хатто вожахои соддаеро ба монанди "бирав" бо харфи ی менависад.
хубии ин баргардонанда он аст, ки баъд аз баргаронидани матни точикии сириллик хар форсизабоне аз Ирон ва ё Афгонистон метавонад бе мушкили онро бихонад ва мутаваччех бишавад, ки сухан дар бораи чи меравад.
барои точикони Точикистону Узбакистон бошад хубии он дар он аст, ки онхо метавонанд матнеро бо хатти сириллик иншо бикунанд, баъд он матнро баргардонанд ба хатти форси, ва баъд аз он он матро каме вироиш бикунанд ва ба Ирон ва ё афгонистон бифиристанд.